Дар Туркманистон ваксинаи чиниро ройгон мегузаронанд, ваксинаи русиро мефурӯшанд

Дар Туркманистон, ки то кунун расман ҳеч ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст, воксинзании сокинон зидди ин вабо идома дорад.

Айни замон омӯзгорони шаҳри Ишқободи Туркманистонро воксин мезананд. Омӯзгорон мегӯянд, воксини чинӣ ройгон, аммо барои воксини русӣ бояд маблағ пардохт кард.

Ба иттилои омӯзгорон, воксинзанӣ ибтидои ҳафтаи ҷорӣ шуруъ шудааст.

Туркманистон рӯзи 1 апрел бастаи дувуми вояҳои воксини чиниро дарёфт кард. Бастаи аввали воксинҳои чинӣ ба Туркманистон нимаи аввали моҳи март расида буд.

Дар ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони соҳаи тиб дар Туркманистон воксини русии “Спутник” гирифта буданд.

Акнун ҳар сокини Туркманистон, ки хоҳиши гирифтани воксини русии “Спутник V”-ро дорад, бояд 1000 манат пардохт кунад. Ду вояи воксини русӣ дар Туркманистон тақрибан ба 285 доллари ИМА баробар мешавад.

Истеҳсолкунандаи воксини русӣ пештар хабар дода буд, ки воксини “Спутник V” дар бозори хориҷӣ 20 доллар арзиш дорад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.