Дар Туркманистон зидди бонувони ронанда “рейд” шуруъ шудааст

Пулиси шаҳри Туркманбошии вилояти Балкани Туркманистон назорати ронандагии занҳоро пурзӯр кардааст.

Нозирони роҳи ин шаҳр бонувони ронандаро боз дошта, бо баҳонаҳои гуногун ҳуҷҷати ронандагии онҳоро мегиранд ва мошинҳояшонро ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ мебаранд.

Чандин зани ронанда аз Балкан, ки нахостан номашон зикр шавад, дар суҳбат бо бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, як ҳафта мешавад, алайҳи занони ронанда дар ин минтақа “рейд” ҷараён дорад.

“Нозирони роҳ баҳона пеш меоранд, ки дар мошин дастгоҳи иловагӣ насб шудааст, вале ҳеч гуна қарор ё қонунеро нишон намедиҳанд, ки онро манъ кунад. Бо чунин баҳонаҳо ҳуҷҷатҳои даҳҳо занро гирифтаанд”, – гуфт як бонуи ронанда.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.