Дар Турсунзода аз як сокини 17 сола 3,5 ҳазор “хлопушка” мусодира карданд

Эътирозгарони Хоруғ ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд

Ҳукумати Бадахшон ва Раёсати корҳои дохилии ин вилоят эълон карданд, шахсоне, ки дар тазоҳуроти чоррӯза дар Хоруғ ширкат карданд ва ҷинояти дигаре содир накарданд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Ин эълон шаби 1-уми декабр тавассути телевизиони маҳаллӣ пахш шуд.

Аз 25-ум то 28-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ сокинон аз кушта шудани як сокини Роштқалъа эътироз карданд. Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми Роштқалъа, ки ба гаравгонгирӣ ва барангехтани маҳалгароӣ муттаҳам мешуд, рӯзи 25-уми ноябр дар натиҷаи як амалиёт кушта шуд.

Мақомоти маҳаллӣ бо эътирозгарон гуфтугӯ карданд ва талаби онҳоро пазируфтанд. Шарти эътирозгарон ин буд, ки парвандаи марги Гулбуддин одилона таҳқиқ шавад, эътирозгарон ба ҷавобгарӣ кашида нашаванд ва интернет дубора дар Бадахшон дастрас шавад.

Дар изҳороти аввали мақомот аз ҳеч шарте ёд нашуда буд. Шаби гузашта бори аввал расман мақомот эълон карданд, ки онҳое дар эътироз ширкат кардаанд ва ҷинояти дигар содир накардаанд, аз ҷавобгарӣ озоданд.

Дар Турсунзода аз як сокини 17 сола 3,5 ҳазор “хлопушка” мусодира карданд

Кормандони милитсияи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 3,5 ҳазор адад маводи тарфгарӣ (пиротехника) навъи “Мики Маус”-ро мусодира намуданд.

Аз рӯйи ин далел ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи тарфгарӣ сокини 17-солаи шаҳри Турсунзода боздошт шудааст. Ному насаби ӯ зикр намешавад.

Тавре аз маркази матбуоти ВКД хабар доданд, тафтиши далели мазкур идома дорад. Аз ҷумла дар ҷараёни тафтишот маълум хоҳад шуд, ки чӣ ган ин маҳсулот ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Мувофиқи моддаи 199 (илов. 1) Кодекси ҷиноятии ҶТ, барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба андозаи аз 200 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 10 то 25 ҳазор сомонӣ) ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 1 то 2 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола пеш аз фарорасии Соли нави мелодӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба мавсими “шикор”-и маснуоти тарфгарӣ оғоз мебахшанд; он аввали моҳи декабр шурӯъ шуда, нуқтаи авҷаш ба рӯзҳои таҷлили ҷашни Соли нав рост меояд.

Паҳлавони тоҷик ба даҳгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дохил шуд

Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW – United World Wrestling) феҳристи навшудаи беҳтарин гуштигирони тарзи озод ва юнониву румиро дар сомонаи худ нашр кард. Ба ин феҳрист узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Далер Ризозода низ шомил шудааст. Ӯ дар риштаи гуштии юнониву румӣ дар радабандии вазни то 77 кило дар ҷойи 9-ум қарор дорад.

Феҳристи UWW аз рӯи натиҷаҳои ба даст овардаи гуштигирон дар мусобиқоти байналмилалӣ дар чанд моҳи ахир тартиб дода, дар ҳар як вазн бист варзишгари беҳтарин муайян карда шудааст.

Далер Ризозода дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии юнониву румӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, медали нуқра ба даст овард. Ӯ, ки дар вазни то 77 кило ба рақобат аз даври чорякниҳоӣ шуруъ кард, Муҳаммадбердӣ Мамедови туркманро шикаст дод.

Далер дар даври ниманиҳоӣ бар Дамеу Жадраеви қазоқ ғолиб омад. Вале паҳлавони тоҷик ба иллати латхӯрӣ натавонист дар қувваозмоии ниҳоӣ иштирок намояд. Медали тилло ба гуштигири эронӣ Пижман Поштам супурда шуд. Далер Ризозода медали нуқра гирифт.

Вале дар феҳристи нави UWW дар намуди гуштии озод ягон нафар аз Тоҷикистон ба бистгонаи беҳтарин паҳлавонони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил нашудааст. Ҳол он ки дар радабандии қаблӣ се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон – Муҳаммад Икромов дар вазни то 61 кило дар ҷойи 12-ум, Ҳикматулло Воҳидов дар вазни то 57 кило дар ҷойи 13-ум ва Искандари Рустам дар вазни то 97 кило дар ҷойи 17-ум қарор доштанд.

КДАМ сокинони Фархорро аз хатарҳои Афғонистон огоҳ кард

Сокинони Фархорро аз тащдидщои терроризму экстремизм ва гардииши маводи мухаддир аз тарафи Афғонистон ҳушдор доданд.

Намояндагони КДАМ-и Тоҷикистон бо сокинони ноҳияҳои наздисарҳадӣ мулоқт карда онҳоро ба зиракии сиёсӣ даъват карданд.

Дар ин вохӯрӣ намояндагону собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, раисон, имомхатибон ва сокинони ҷамоатҳои наздисарҳадии ноҳия масъалаи таҳдиди терроризму экстремизм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористию ифротиро баррасӣ краданд.

Кормандони КДАМ гуфтанд, вазъи имрӯзаи Афғонистон талаб мекунад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо такя ба маркази матбуоти раиси ноҳияи Фархор.

“Мушкилоти дигари бо вазъи Афғонистон алоқаманд — ин муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад. Ба ҳама маълум аст, ки муомилоти ғайриқонунии маводи мухадир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва барпокунандаи нооромиҳо дар ҷаҳон ба шумор меравад”, – зикр шуд дар мулоқот.

Мавсими даъват ба хизмати ҳарбӣ анҷом ёфт, аммо даъвати сарбозон идома дорад

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки даъват ба артиш расман поён ёфтааст, аммо даъвати ҷавонон ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисташон давом хоҳад кард.

Сомонаи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр навишт, ҷавононро барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати баҳорӣ ба комиссариатҳои ҳарбӣ даъват мекунанд.

Ҳар сол Вазорати мудофиа пеш аз муҳлат эълон мекард, ки даъвати ҷавонон ба артиш хотима ёфтааст. Ин бор нагуфт, ки нақша “сад дар сад иҷро шуд”.

Пештар баъзе аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ низ тахмин зада буданд, ки эҳтимол даъвати ҷавонон ба артиш пурра иҷро нашудааст.

Ҳар сол тирамоҳу баҳор ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба артиши Тоҷикистон даъват мекунанд. Мавсими тирамоҳии даъват ба артиш якуми октябр сар шуда, якуми декабр ба анҷом мерасад.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 1-уми декабр аз баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон хабар расид, ки “сарбозшикор” ё бо зӯр ба артиш бурдани ҷавонон идома дорад.

Бо вуҷуди қабули қонун дар бораи хидмати алтернативӣ, ки бо супурдани маблағ ҷавононро аз уҳдадории ҳарбӣ озод мекард, имсол низ шикоятҳо аз “сарбозшикор” ё “облава” зиёд буд.

Сообщение Дар Турсунзода аз як сокини 17 сола 3,5 ҳазор “хлопушка” мусодира карданд появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.