Дар Уфа ба зани тоҷик кӯмак карданд

Бо талошҳои як узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди раҳбари Бошқирдистон ба як зани тоҷик дар шаҳри Уфа шароит фароҳам карданд, то ройгон дар зоишгоҳи маҳаллӣ бистарӣ шавад. Саргузашти хонаводаи Зиёевҳо ду рӯзи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоиву матбуоти маҳаллии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия матраҳ шуд ва мақомоту афроди мухталиф дар бораи роҳҳои кӯмак ба ин хонаводаи ҷавони тоҷик пешниҳодҳо карданд.

Фаридун Зиёеви 26-сола, як зодаи ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири пешин), ки ҳамроҳ бо ҳамсараш мунтазири таваллуди нахустфарзандашон мебошанд, бо сабаби пандемияву маҳдудиятҳои молӣ натавонистанд сари вақт ба Тоҷикистон баргарданд.

Фаридун рӯзи 22-юми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳафтаи 36-уми обистании ҳамсараш аст ва дар рӯзу ҳафтаҳои наздик мунтазири таваллуди кӯдак ҳастанд. То шаш моҳи аввали обистании ҳамсараш ӯ зери назари табибони поликлиникаи маҳалли зисташ дар шаҳри Уфа буд ва баъди ин, бо сабаби набуди имкони молӣ, пули нигоҳубини тиббии занро пардохт карда натавонистанд. 9 ҳазор рубл қарзи муассисаи тиббӣ (тахминан 120 доллари амрикоӣ) барои муолиҷаи се моҳи охири зан ва 35 ҳазор рубл (500 доллари амрикоӣ) харҷи таваллудхона барои ин хонавода як дардисаре эҷод кард, ки то ду рӯзи пеш дар пардохташ оҷиз буданд.

Саргузаштҳои Зиёевҳо то ба гӯши Элиза Маулимшина, узви Шӯрои ҳуқуқи башар ва рушди ҷомеаи шаҳрвандии назди раҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон расид ва ӯ дар муроҷиати расмӣ аз мақомоти маҳаллӣ хост, ки барои пӯшиши хароҷоти тиббии зани тоҷик мусоидат кунанд. Маулимшина мегӯяд, азбаски худи ӯ ҳам мисли зани тоҷик ду давраи обистаниро бисёр вазнин пушти сар кардааст, баробари шунидани мушкили шаҳрвандони Тоҷикистон бетараф буда натавонист.

Элиза Маулимшина рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ аз шаҳри Уфа гуфт: “Худоро шукр, имрӯз ӯро (зани тоҷикро) дар таваллудхонаи рақами 3-и шаҳри Уфа бистарӣ карданд. Ба шарофати талошҳои сардухтури таваллудхонаи рақами 3 ин кор имконпазир шуд. Нашри хабарҳо дар матбуот ба ин чиз бисёр кӯмак кард. Ман медонам, ки муроҷиатҳои ман бисёр вақт натиҷа медиҳад ва кори камтарине, ки карда метавонистам, ин муроҷиат ба вазири беҳдошти Бошқирдистон буд. Агар онҳо посухи рад медоданд, ман аз кӯмаки созмонҳои хайрия ҳам мехостам истифода кунам. Онҳо гуфтанд, ки ҳам барои таваллуд ва ҳам нигоҳубини тиббии пеш аз таваллуди кӯдак пул ҷамъ мекунанд. Ҷараёни обистании ӯ вазнин мегузарад. Ман ба онҳо гуфтам, ки зарур бошад, пули доруро аз ҳисоби худ ва созмонҳо пардохт мекунем. Агар зарур шуд, бо кӯмаки одамони хайрхоҳ мо пул ҷамъ карда чизҳои заруриро мехарем”.

Элиза Маулимшина гуфт, ки ният дорад ба ин хонавода аз назари ҷамъоварии васоили зарурӣ барои кӯдак, аз ҷумла, аробачаву кати хоб ҳам дасти ёрӣ дароз кунад.

Фаридун Зиёев, ки ҳанӯз чанд рӯз пеш ҳайрону дастнигар буд, ҳоло шод аз он аст, ки бо кӯмаки афроди хайрхоҳ мушкили бистарӣ кардани ҳамсараш ҳалли худро пайдо кард. “Мо мехостем, ки оилаамро сари вақт ба Тоҷикистон фиристем, то он ҷо таваллуд кунад, вале нархи билет аз ҳад зиёд гарон буд. Вақте 40 ҳазор рубл пули билетро ҷамъ карда фиристоданӣ шудем, ба мо гуфтанд, ки дар мӯҳлати калони обистанӣ оилаамро ба ҳавопаймо роҳ намедиҳанд. Ҳамин хел ҳайрон мондем, ки чӣ кор кунем”.

Фаридун мегӯяд, аз соли 2014 ба ин сӯ ба шаҳри Уфа барои кор рафта, дар як муассиса ба ҳайси боркаш кор мекунад. То порсол – шурӯи давраи пандемияи коронавирус моҳе то 25 ҳазор рубл маош гирифта кор мекард, 7 ҳазор рубл пули иҷораи хонаро дода, бо пули боқимонда патенти кор мехарид, ба волидонаш дар Тоҷикистон ёрӣ мекарду хӯрду хӯроки оилаашро таъмин мекард. Вале дар давраи пандемия ҳаҷми кор ва даромадаш хеле кам шуд.

Фаридун якуним соли пеш дар як сафари дуҳафтаинааш ба Тоҷикистон бо ҳамсараш никоҳ карда, бо ӯ ба Уфа баргашт ва то ҳол аз ақди никоҳи расмӣ нагузаштааст. Ӯ мегӯяд, дар Русия ҳақи иқомат дорад ва агар фарзандаш дар никоҳи расмӣ таваллуд мешуд, ӯ бо суғуртаи тиббии худаш метавонист нигоҳубини баъдии кӯдакро аз ҳамин ҳисоб таъмин кунад.

Рӯзи 22-юми феврал ба Радиои Озодӣ дар консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Уфа ваъда доданд, ки барои бастани ақди никоҳи Зиёевҳо дар назди ин консулгарӣ мусоидат мекунанд. Саид Эмом, консули Тоҷикистон дар Уфа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаи Зиёевро 18-уми феврал дастрас кардаанд ва барои анҷоми ин маросим ҳамсарон бояд шаҳодатномаи вазъи оилавии худ то издивоҷ бо ҳамро пешниҳод кунанд.

Фаридун Зиёев мегӯяд, намехост қазияи ӯ расонаӣ шавад, вале вақте масъулону афроди хайрхоҳи маҳаллӣ ба кӯмакаш шитофтанд, умеде барои ҳалли мушкилаш пайдо шуд. Ӯ мегӯяд, “ҳоло барои ман бо пӯшиши харҷи бемористони ҳамсарам кӯмак кунанд ва зудтар никоҳро қонунӣ кунам, аз ин беш ёрӣ лозим нест. Ба ҳар ҳол кор дорам, хона ҳам ҳаст, ман аз ҳамаи онҳое, ки кӯмакамон карданд, сипосгузорам”.

Мушкили нокомил будани санадҳои муҳоҷири тоҷик дар Русия як масъалаи ошно барои бисёр шаҳрвандони ҷӯёи кор дар ин кишвар мебошад. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳад, аксар ҷавонҳо баъди хатми мактаб дар Тоҷикистон дар синни 18-19-солагӣ ба Русия барои кор мераванд, аксари онҳо забони русиро хуб намедонанд, аз оддитарин қоидаҳои сафар, мисли пурраву комил будани санадҳо огоҳ нестанд ваё ин муқарраротро нодида мегиранд ва дар ниҳоят, дучори мушкилоти зиёд мешаванд.

Уфа – пойтахти Ҷумҳурии Бошқирдистон буда, аксар сокинонаш мусалмонтабор ҳастанд. Ба иттилои дипломати тоҷик Саид Эмом, дар давраи пандемияи коронавирус ҳам ин ҷо тахминан 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагии худро идома доданд ва аксари онҳо дар бахши сохтмон ваё тиҷорат кор мекунанд. Бозори калони “Евразия” – макони кори аксар шаҳрвандони Тоҷикистон аст, ки ба Бошқирдистон меоянд. Ӯ мегӯяд, пандемияву маҳдудиятҳои иқтисодӣ ба кору даромади бисёр муҳоҷирон таъсири манфӣ гузоштааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.