Дар Украина вакилони маҷлисҳои маҳаллиро интихоб мекунанд

Шаҳрвандони Украина имрӯз, 25-уми октябр барои интихоби вакилон ба маҷлисҳои маҳаллӣ райъ медиҳанд.

Ин маърака тибқи Кодекси нави интихобот баргузор мешавад, ки ба маҷлисҳои маҳаллӣ ҳақ медиҳад, мустақилона аз марказ амал кунанд.

Ин тағйирот низоми аз замони шӯравӣ боқимондаро, ки ҳама тасмимҳо дар маҳалҳо аз ҳукумати марказӣ гирифта мешуд, дигар мекунад.

Коршиносон ин интихоботро барои Владимир Зеленский, президенти ин кишвар як озмоиши муҳим медонанд. Онҳо бар ин назаранд, ки интихобот андозаи маҳбубияти ҳизби “Хидматгори мардум”-и президентро нишон хоҳад дод.

Назарпурсиҳо нишон медиҳанд, ки ин ҳизб эҳтимол 30 дарсади райъро ба даст биорад. Дар интихоботи ғайринавбатии порлумонии соли 2019 ин ҳисоб 64 дар сад буд.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки наздики 70 дар сади украиниҳо ба ин андешаанд, ки ҳукумат нодуруст идора мешавад. Дар ин назарсанҷиҳои нуфузи Зеленский низ 50 дар сад кам шудааст. Мунтақидон бар ин назаранд, ки ҳизби Зеленский бештар шиорбозӣ мекунад ва дар амал кори ҷиддиеро анҷом намедиҳад.

Владимир Зеленский, ки бештар ҳамчун ҳаҷвнигор маъруф буд, дар интихоботи президентии соли 2019 дар Украина иштирок кард ва пирӯз шуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.