Дар Узбакистон ду блогнавис зиндонӣ шуданд

Додгоҳи шаҳри Тошканди Узбекистон блогнависон Рустам Карим ва Тулқин Остоновро ба зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Азиз Обидов, намояндаи расмии Додгоҳи олии Узбекистон хабар дод.

Рустам Карим дар истеҳсол, нигаҳдорӣ, паҳнсозӣ ва ё намоиши маводе, ки ба амнияту тартиботи ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунад, айбдор ва 2 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Тулқин Остонов низ бо айни ҳамин айб 5 сол шартан аз озодӣ маҳрум гардид.

Ин ду шаҳрванди Узбекистон 8 апрели соли ҷорӣ бо нашри наворе гуфтанд, ки ба Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон рафта, дар мавзуи манъи бастани ҳиҷоб ва маҳсулоти дорои тамғаи ҳалол бо намояндагони Идора баҳс кардаанд. Ҳамон рӯз мақомот Рустам Карим ва Тулқин Остоновро боздошт карданд.

Ин ду шаҳрванд аз фаъолияти Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ба таври пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод мекарданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.