Дар Узбекистон ҷасади кишоварзро баъди ба додгоҳ кашидани раиси ноҳия аз ҷӯйбор ёфтанд

Дар ноҳияи Хатирчини Узбекистон ҷасади деҳқонеро аз ҷуйбор пайдо карданд, ки раиси ноҳияро ба додгоҳ кашида буд.

Деҳқон аз қатъ шудани шартномаи иҷораи заминаш шикоят дошт.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, ҷасади деҳқон ибтидои моҳи гузашта аз дохили ҷӯйборе дар ҳудуди ноҳияи Хатирчин пайдо шуда буд.

Мақомоти додситонии Узбекистон гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса тафтиш шуруъ шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.