Дар Узбекистон аз донишҷӯён “даъват доранд”, то ба ҳизби нав аъзо нашаванд

Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар мактабҳои олии он кишвар бо донишҷӯён вохӯриҳо баргузор карда, аз онҳо даъват доранд, ки ба сафи ҳизби сиёсии тозатаъсис напайванданд. Дар ин бора яке аз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар вилояти Сурхандарёи Узбекистон, ки нахост номаш зикр шавад, ба бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

“Тавре шумо огаҳ ҳастед, раиси Ҳизби нави “Ҳақиқат ва Тараққиёт” Хидирназар Аллақулов ректори донишгоҳи мо буд. Вай дар миёни ҳам омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён машҳур аст. Аз ин рӯ, ҳоло намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар донишгоҳи мо ҷаласаҳои таблиғотӣ баргузор карда, аз ҳама даъват доранд, ки узви ҳизби нав нашаванд. Мегӯянд, ки ин ҳизб “барои мо бегона” аст”, – изҳор дошт донишҷӯ.

Як масъули Донишгоҳи давлатии Тирмиз тасдиқ кард, ки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон дар доираи Фестивали ҷавонон бо донишҷӯён мулоқотеро баргузор карданд. Вале ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ин вохӯрӣ касе аз донишҷӯён даъват накардааст, ки узви ҳизби тозатаъсис нашаванд.

Раиси Ҳизби нави “Ҳақиқат ва Тараққиёт” Хидирназар Аллақулов гуфт, хабар дорад, ки “кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳо донишҷӯёнро “мағзшӯӣ” доранд. “Дар Узбекистон солҳои 80-ум ва 90-ум неруи бузург донишҷӯён буданд ва ҳоло мақомот аз роҳи тарсонидану таҳдид донишҷӯёнро зидди ҳизбҳои нав мешуронанд. Онҳо бо ин роҳ мехоҳанд, ба Мирзиёев (президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев) кумак кунанд, то як давраи дигар раисҷумҳур бимонад”, – гуфт ӯ.

Манобеъ мегӯянд, дар донишгоҳҳои вилоятҳои Хоразму Бухорои Узбекистон ҳам чунин “вохӯриҳо” бо донишҷӯён анҷом шуда, аз онҳо даъват шудааст, ки ба ҳизби нав напайванданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.