Дар Узбекистон аз тақсими доруҳои ройгон ба омӯзгорон нигаронанд

Дар Узбекистон аз ҳафтаи гузашта ба омӯзгорон доруҳои ройгон, аз қабили “гидроксихлорохин” (плаквенил) ва “синк” тақсим менамоянд.

Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус рӯи даст гирифта шуд. Вале омӯзгорон мегӯянд, аз истеъмоли ин навъи доруҳо ҳарос доранд, зеро дар бораи муассир набудани онҳо зидди коронавирус хабарҳо нашр шудааст.

Рӯзи 22 сентябр омӯзгорони мактабҳои миёнаи ноҳияи Тошканди вилояти Тошканди Узбекистон доруҳои мазкурро ройгон дарёфт карданд.

“22 сентябр ба ҳар як омӯзгор шаш қурсӣ доданд. 28 сентябр боз даҳқурсӣ доданд. Дар аввал мо нафаҳмидем, ки инҳо чи гуна дору ҳастанд, чун дар қуттиҳо бо забони англисӣ навишта шудааст. Ба мо гуфтанд, ки агар ин доруҳоро истеъмол кунед, ба коронавирус мубтало намешавед. Вале организми инсон ҳар хел аст, шояд ба баъзеҳо мувофиқ наояд”, – гуфт як омӯзгор аз Тошканд.

Яке аз омӯзгорони ҳамин ноҳия низ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, беҳтар мешуморад, ки доруҳои мазкурро истеъмол накунанд.

Мудири яке аз мактабҳои Тошканд низ хабари тақсими ройгони доруҳо ва нигаронии омӯзгоронро тасдиқ кард.

Бино ба хабарҳо, дар дигар минтақаҳои Узбекистон ҳам ба омӯзгорон чунин доруҳоро ройгон тақсим менамоянд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.