Дар Узбекистон ба хонандагон иҷоза доданд, ки бо либоси миллӣ ба мактаб раванд

Дар мактабҳои Узбекистон ба духтарон иҷоза доданд, ки рӯймоли сафеду ранга ва тоқӣ пӯшанд.

Шерзод Шерматов, вазири маорифи халқии Узбекистон рӯзи 4-уми сентябр гуфт, ҳадаф аз қабули ин қарор – фароҳам овардани имкони таҳсил барои ҳамаи кӯдакон аст.

“Бо назардошти муроҷиати волидон, дар робита ба арзишҳои миллии худ, ба духтарон иҷоза шуд, ки шуруъ аз соли нави таҳсил бо рӯймолҳои миллӣ ва тоқии сафед ва ё дорои рангҳои рушан ба дарс оянд”, – гуфт вазир.

Бино ба қарори девони вазирони Узбекистон аз 15-уми августи соли 2018 ба духтарон иҷоза дода намешуд, ки дар дохили муассисаҳои таълимӣ рӯймол пӯшанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.