Дар Узбекистон бениқобҳоро бо дурбин муайян ва ҷарима мекунанд

Дар вилояти Фарғонаи Узбекистон минбаъд сокинонеро, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ниқоби тиббӣ намепӯшанд, бо дурбинҳои назоратӣ муайян хоҳанд кард. Хадамоти матбуотии пулиси Фарғона гуфт, тартиботи нав аз 17 октябри соли равон ҷорӣ карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, барои муайян кардани сокинони бениқоб дар маконҳои ҷамъиятии вилояти Фарғона мақомот аз технологияҳои инноватсионии замонавӣ таҷриба хоҳанд кард.

Шахсияти сокинонро тавассути пойгоҳи ягона маълум мекунанд. Санади маъмуриеро, ки маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони маркази санитарӣ-эпидемиологӣ барои ниқоб напӯшидан тартиб медиҳанд, бо почта ба нишонии маҳалли зисти шаҳрванд фиристода мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.