Дар Узбекистон кормандони “Карасув Пахта Тозалаш” корпартоӣ карданд

Беш аз 200 корманди корхонаи “Карасув Пахта Тозалаш” дар вилояти Тошканди Узбекистон дар эътироз ба пардохт нашудани маошашон 16 феврал даст ба корпартоӣ заданд.

“Маоши моҳи ноябри соли гузаштаро дар моҳи декабр доданд. Дигар то ҳол маош нагирифтаем. Раҳбарият ваъда дода буд, ки маош соати 12-и шаби 15 феврал ба кортҳои бонкӣ мегузарад. Вале нагузашт. Мо субҳи 16 феврал корпартоӣ кардем”, – изҳор дошт яке аз кормандони норозӣ.

Корманди дигари “Карасув Пахта Тозалаш” гуфт, моҳи декабри соли гузашта низ корпартоӣ карда буданд ва раҳбарияти корхона танҳо баъди корпартоӣ маоши онҳоро пардохта буд.

Ба гуфтаи кормандон, дар корхона 240 нафар фаъолият мекунад ва ҳамаи онҳо ҳоло даст ба корпартоӣ задаанд.

Масъулони корхона гуфтанд, дақиқ намедонанд, ки маоши кормандонро кай мепардозанд. Корхона барои пардохти маоши кормандон аз бонк қарз мегирад ва ҳоло маълум нест, ки бонк кай қарзро хоҳад дод.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.