Дар Узбекистон муҳлати хизмати сарбозиро барои ҳама баробар мекунанд

Муҳлати хизмати сарбозӣ дар Узбекистон расман 12 моҳро ташкил медиҳад. Қонуни мазкурро президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев рӯзи 5-уми сентябр имзо кард.

Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи уҳдадориҳои умумии низомӣ ва хизмати сарбозӣ” муҳлати адои хизмати сарбозиро 12 моҳ таъйин кард.

То ин замон дар Узбекистон хизмати низомӣ барои сарбозони қаторӣ ва ҳайати сержантҳо 12 моҳ ва барои афроди дорои маълумоти олӣ 9 моҳро ташкил медод.

Ба ҷуз ин, тибқи қонун, сабти шаҳрвандон дар қитъаҳои низомӣ моҳҳои апрел-май сурат мегирад. То кунун ин гуна сабт моҳҳои апрел-июн давом мекард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.