Дар Узбекистон озордиҳандаи кӯдакони ноболиғ дар озодӣ боқӣ мемонад

Баъди дахолати расонаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон муроҷиати модари кӯдакеро зери назорат гирифтанд, ки аз озордиҳии марди 31-солаи вилояти Андиҷон нисбати кӯдаки ноболиғашон шикоят карда буданд.

Мақомоти пулиси ноҳияи Асакини Андиҷони Убекистон гуфтанд, баъди тафтиши пешакӣ муайян шуд, ки озори ҷинсӣ нисбати ноболиғ ҷо доштааст. Ба иттилои пулис, тафтиш ба поён расида, парванда ба ихтиёри додситонӣ гузошта шудааст.

Ба иттилои тафтишот, далелҳои кофие ҷамъоварӣ шудааст, ки барои боз кадани парванда бо моддаи “Озори ҷинсӣ нисбати афроде, ки ба синни 16 нарасидаанд”, басанда ҳастанд.

Як манбаъ гуфт, гумонбар айби эъломшударо эътироф кардааст.

Рӯзи 4 сентябр марди 31-солаи сокини ноҳияи Асакин ду духтарчаи 6 ва 7-соларо бо баҳонаи шикори харгӯш ба саҳро бурда, нисбаташон озори ҷинсӣ раво дидааст.

Сокинони маҳаллӣ гумонбарро дар ҷои ҳодиса боздошт кардаанд. Аммо падари яке аз озордиҳаҳо гуфт, марди гумонбар ҳамоно дар озодист.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.