Дар Узбекистон пешниҳод доранд, фурӯши нос мамнуъ шавад

Оҷонси танзими бозори машрубот ва тамокуи Узбекистон бо ирсоли тарҳи қонуне ба ҳукумати он кишвар, пешниҳод кардааст, фурӯши нос мамнуъ эълом шавад.

Дар ин бора аз Вазорати тандурустии Узбекистон хабар доданд.

Ба гуфтаи Вазорати тандурустии Узбекистон, истифодаи нос ба сиҳатии истифодабарандагонаш таъсири манфӣ дорад ва ҳамчунин ба муҳити зисти кишвар зиён мерасонад.

Бино ба як гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, 6 дарсади наврасони 13-15-сола дар Узбекистон нос мекашидаанд. Дар Қирғизистон 5,1 дарсад, дар Тоҷикистон 1,8 ва дар Қазоқистон 0,6 дарсади наврасон носкаш будаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.