Дар Узбекистон се кӯдаки як хонавода аз дуди ангишт фавтиданд

Дар ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанди Узбекистон панҷ узви як хонавода заҳролуд шуда, дар натиҷа се кӯдаки ноболиғ ҷон бохтааст.

“Кӯдакони ноболиғ – писарчаи 8-сола, духтарчаи 4-сола ва тифли навзод дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтаанд. Ташхиси судӣ-тиббӣ нишон дод, ки кӯдакон бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангишт ҷон додаанд”, – омадааст дар иттилоияи Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Самарқанд.

Вазъи волидон вазнин буда, дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Додситонии Каттақӯрғон таҳқиқи ҳодисаро оғоз кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.