Дар Узбекистон шиканҷа дар маҳбаси мақомоти махсусро рад мекунанд

Мақомоти Узбекистон гузориши расонаҳоро дар бораи шиканҷа шудани 31 боздоштшудаи Қашқадарё шарҳ доданд. Рӯзи 4 октябр расонаҳо навиштанд, ки айбдоршавандаҳои дуздии маҳсулоти нафтӣ дар боздоштгоҳ шиканҷа шудаанд.

Айбдоршавандаҳо дар додгоҳ гуфтаанд, ки онҳоро дар боздоштгоҳи Хадамоти амнияти давлатӣ шиканҷа кардаанд. “Агар ҳайвонҳоро мисли мо шиканҷа мекарданд, онҳо ҳам ба гап медаромаданд”, – гуфтанд дар додгоҳ айборшавандаҳо.

Алишер Гулистонов ва Дилшод Умаров, ду айбдоршаванда дар дуздии маҳсулоти нафтӣ гуфтанд, ки дар боздоштгоҳ шадидан шиканҷаи ҷисмониву равонӣ шудаанд. Кормандони амният таҳдид кардаанд, ки “падару бародаронашонро ҳам зиндонӣ хоҳанд кард, агар онҳо айбро ба душ нагиранд”.

Аммо додситонии вилояти Қашқадарё мегӯяд, шиканҷа шудани айбдоршавандаҳо исбот нашудааст.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон 31 одамро бо айби дуздии маҳсулоти нафтӣ боздошт кардаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.