Дар Узбекистон соҳибкоронро маҷбур доранд, барои ҳизби ҳоким лавҳаи таблиғотӣ созанд

Бархе аз соҳибкорони вилояти Фарғона мегӯянд, кормандони бахши вилоятии Ҳизби либерал-демократии Узбекистон, ки ахиран номзадии Шавкат Мирзиёевро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард, онҳоро маҷбур мекунанд, то лавҳаҳои таблиғотии ҳизбро омода созанд.

“Ҳар як соҳибкор як лавҳа омода кард. Вале ҳоло боз маҷбур доранд, ки як лавҳаи дигар омода кунед. Арзонтарин лавҳа ҳудуди 40-50 доллари амрикоӣ арзиш дорад. Кормандони ҳизб омада мегӯянд, ки “шумо тавони сохтани лавҳаро доред, пас омода созед!”, – гуфт яке аз соҳибкорон.

Вале намояндаи ҳизб дар Фарғона бо номи Ҳалимҷон иддаои соҳибкорон дар бораи иҷборан омода кардани лавҳаи таблиғотӣ бо акси Шавкат Мирзиёевро рад кард.

“Ҳамаи лавҳаҳоро ширкати “Тасвирий ойина” бо пули дастгоҳи марказии ҳизб омода мекунад. Мо аз ягон соҳибкор нахостаем, ки маводи таблиғотии ҳизбамонро сармоягузорӣ кунад”, – афзуд ӯ.

Интихоботи президентии Узбекистон 24-уми октябри имсол баргузор мешавад. Дар он номзадҳои панҷ ҳизби ҳукуматгаро иштирок мекунанд. Ба ин интихоботи Узбекистон ҳам номзадҳои мухолифон роҳ наёфтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.