Дар Узбекистон стратегияи таъмини нерӯи барқ барои 10 сол қабул шуд

Ҳукумати Узбекистон “Консепсияи таъмини Ҷумҳурии Узбекистон бо нерӯи барқ барои солҳои 2020-2030”-ро қабул кард.

Ба иттилои вазорати энержӣ, ин стратегия бо иштироки коршиносони байналхалқӣ таҳия шудааст.

Гуфта мешавад, стратегияи мазкур ба ислоҳи бунёдии соҳаи мазкур бо ҳадафи таъмини талаботи аҳолӣ ва иқтисоди кишвар бо нерӯи барқ равона шудааст.

“Дар Консепсия чорабиниҳои афзалиятнок барои самтҳои: муосирсозӣ ва таъмири истгоҳҳои барқии мавҷуда, инчунин сохтани пойгоҳҳои нав бо истифода аз технологияҳои муосир; такмили низоми ҳисоби неруи барқ; рушди манбаъҳои бозтавлиди барқ, махсусан офтобӣ; ислоҳи қонунгузорӣ дар бахши тарофаҳо ва гузаштан ба бозори яклӯхт пешбинӣ шудааст”, – хабар медиҳад вазорати энержии Узбекистон.

Бино бар ин ҳуҷҷат, то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки истеҳсоли барқ аз 63,6 млрд киловатт соати кунунӣ то 120,8 млрд расонида шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.