Дар Узбекистон таҷлили Соли нав бо иштироки беш аз 30 кас иҷозат дода шуд

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон иҷозат додааст, ки сокинони ин кишвар рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ шабнишиниҳои солинавиеро бо иштироки беш аз 30 нафар баргузор кунанд.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Узбекистон, сокинон иҷозати баргузор кардани шабнишиниро дар сурате дарёфт хоҳанд кард, ки ҳамаи иштирокдорон дар мавриди мубтало набудан ба коронавирус маълумотнома дошта бошанд ё аз санҷиши фаврии вирус гузаранд.

Толорҳои шабнишиниву арӯсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо, ки дар онҳо ҷашнҳои солинавӣ баргузор мешавад, вазифадоранд, кормандони Хадамоти санитарӣ-эпидемиологии Узбекистонро барои назорати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар асоси қарордод ҷалб кунанд.

Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Узбекистон баргузории ҳама гуна шабнишиниву ҷашнҳои солинавиро дар он кишвар манъ карда, аз сокинон хоста буд, Соли навро дар иҳотаи хонавода ҷашн гиранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.