Дар Узбекистон тасмим доранд, бархе аз васоили тиббиро ройгон тақсим кунанд

Дар Узбекистон дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксигенро барои истифодаи муваққатӣ дар хона ба таври ройгон ба гирифторони коронавирус дода мешаванд.

Комиссияи ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Узбекистон пешниҳоди тақсими ин дастгоҳҳоро қабул кард. Ҳамакнун дастгоҳҳои изофии беморхонаҳо ба хонаҳои сокинон бурда мешаванд.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки дастгоҳҳои набзсанҷ ва консентраторҳои оксиген ба касоне дода мешаванд, ки аз коронавирус табобат гирифта, вале ба барқароршавӣ дар шароити хона ниёз доранд.

Вазорати тандурустии Узбекистон то ин замон тартиби тақсими дасгоҳҳоро эълом накардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.