Дар Узбекистон як мард барои саҳван куштани фарзандаш 5 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Додгоҳи ноҳияи Зомини вилояти Ҷизахи Узбекистон як сокини маҳаллиро барои куштори духтарчаи думоҳааш 5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ба иттилои дафтари матбуотии пулиси Ҷизах, ҳодиса 9 октябри соли гузашта рух додааст.

Ин мард соати 23:00 ба ғазаб омада, ки ҳамсараш наметавонад кудакро ором созад. Болишти гаҳвораро гирифта, чанд маротиба ба рӯи ҳамсараш задааст. Дар натиҷа сари кудак низ ба гаҳвора зада, лат хурдааст.

Аз ҷумла, ташхиси судӣ-тиббӣ нишон додааст, ки мағзи сари кудак осеб дида, муҳраи гарданаш шикастааст.

Тифлро, ки 17 августи соли 2020 таваллуд шуда буд, бистарӣ карданд. Вале ӯ ба ҳуш наомада, ҷон додааст. Модари кудак ҳодисаро ба пулис нақл кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.