Дар Узбекистон як сармуҳаррир баъди нашри хабари “истеъфо”-и муфтӣ барканор шуд

Сармуҳаррири сомонаи Azon.uz-ро баъди он аз кор ронданд, ки хабари носаҳеҳе дар бораи истеъфои раиси Идораи мусалмонони Узбекистон муфтӣ Усмонхон Олимов нашр кард.

“10-уми сентябри соли ҷорӣ дар идораи “Azon New Media” ҷаласаи фаврӣ доир ва сармуҳаррири сомонаи Azon.uz барои бемасъулиятӣ ҳангоми таҳияи хабар аз кор ронда шуд”, – омадааст дар хабари идораи ин расона.

10-уми сентябри соли ҷорӣ бархе аз расонаҳои маҳаллии Узбекистон иттилоъ доданд, ки муфтии Узбекистон аз мақом барканор шудааст. Идораи маънавии мусалмонони Ӯзбекистон ин хабарро рад кард.

Муфтӣ Усмонхон Олимов аз соли 2006 ба ин тараф дар мақоми мазкур фаъолият дорад. Соли 2018 вай шомили рӯйхати 500 мусалмони таъсиргузори дунё шуда буд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.