Дар Узбекистон зиреҳпӯши истеҳсоли маҳаллиро меозмоянд

Дар Узбекистон зиреҳпӯши низомии TARLON, ки дар дохили ин кишвар истеҳсол шудааст, озмоиш мешавад.

Дар ин бора Кумитаи давлатии саноати низомии Узбекистон хабар дод.

TARLON бо фармоиши Неруҳои мусаллаҳи Узбекистон сохта шудааст.

Ин зиреҳпӯш иқтидори интиқоли 11 касро дорад ва дар асоси талаботи байналхалқӣ сохта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.