Дар Варзоб минтақаи хизматии «Сафеддара»-и ШВКД ифтитоҳ ёфт

ДУШАНБЕ, 02.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди амалигардонии барномаи ислоҳоти милитсия 1 сентябр утоқи хизматии милитсияи «Сафеддара»-и шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ва ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, воқеъ дар ҷамоати Тагоби ноҳияи Варзоб мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Утоқи хизматии милитсияи «Сафеддара»-и ШВКД дар ноҳияи Варзоб ва ҳуҷраи кории Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шуъбаи мазкур бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Нозим Иброҳимзода, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД, полковники милитсия Валихон Ҳамдамзода, роҳбари Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Валериу Кивер, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Варзоб ва дигар шахсони расмӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бинои мазкур аз ду ҳуҷра иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили мизу курсиҳои замонавӣ, компютерҳо, телевизор, яхдон, кондитсионер ва ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар минтақаи мазкур 6 нафар корманд хизмат мебаранд.

Ҷамоати Тагоб зиёда аз 9500 нафар аҳолӣ дошта, кормандони минтақаи мазкур ба сокинон хизмат мерасонанд.
Мустаҳкам намудан ва инкишоф додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Зимни суҳбат бо кормандони ин минтақаи хизматӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ иброз дошт, ки бо истифода аз шароити хуби хизматбарӣ софдилонаву содиқона ба сокинони минтақаи мазкур хизмат намуда, дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини оромиву осоиштагии мардум саҳм гузоранд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.