Дар Вашингтон сарбозони Горди Миллиро барои таъмини назм даъват карданд

Дар остонаи тазоҳуроти барномарезишудаи тарафдорони раиси ҷумҳури Амрико Доналд Трамп, шаҳрдори Вашингтон сарбозони Горди миллиро барои таъмини амният сафарбар кардааст. Қарор аст, Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли гузаштаро тасдиқ кунад.

Тарафдорони Трамп гуфтаанд, ки рӯзҳои 5-ум ва 6-уми январ барои ҳимоят аз иддаоҳои беасоси раиси ҷумҳур, ки мегӯяд, дар интихобот тақаллуб шудааст, раҳпаймоӣ мекунанд. Мақомоти Вашингтон гуфтаанд, ки 300 сарбози Горди миллӣ дар рӯзи тазоҳурот амниятро таъмин мекунанд. Роберт Конти, раиси муваққатии идораи пулиси Вашингтон гуфт, ки “баъзе аз афрод қасд доранд, ба шаҳр аслиҳаи оташфишон биёранд.”

Конгресси Амрико рӯзи 6-уми январ барои тасдиқи орои ҳайатҳои интихоботӣ раъй медиҳад, ки аксарияташон Ҷо Байденро раиси ҷумҳур баргузиданд. Бо вуҷуди онки мақомоти интихоботии ҳарду ҳизб, губернаторҳо ва вазорати адлияи Амрико гуфтаанд, ки дар интихобот тақаллуб нашудааст, Доналд Трамп иддаои баръакс мекунад ва шикаст дар интихоботро эътироф накардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.