Дар Вена музокирот барои бозгашт ба созиши ҳастаӣ бо Эрон доир мешавад

Амрико мегӯяд, ин кишвар интизори пешрафти сареъ дар музокироти ҳастаӣ бо Эрон нест. Эрон ҳам гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир эҳтимоли музокироти мустақим миёни Вашингтон ва Теҳрон вуҷуд надорад.

Нед Прайз, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 5-уми апрел гуфт, мо миқёси чолишҳоеро, ки дар рӯ ба рӯ дорем, кам намегирем, ҳануз рӯзҳои аввали кор аст”.

Қарор аст нишасти кишварҳои боқимонда дар созиши ҳастаӣ имруз, сешанбеи 6-уми апрел дар Вена –пойтахти Австрия баргузор шавад. Дар ин нишаст намояндаи Амрико дар умури Эрон низ иштирок хоҳад кард.

Эрон ҳам гуфтааст, ҳеҷ музокираи мустақиме бо Амрико анҷом нахоҳад дод. Расонаҳои Эрон аз қавли Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷии он кишвар навиштанд, ки “ҳайати эронӣ ҳеҷ гуфтугӯи мустақим бо ҳайати Амрико дар Вена нахоҳанд дошт”.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико гуфтааст, ки музокироти ғайримустақими Эрон ва Амрико дар нишасти рӯзи сешанбе аз эҳтимол дур нест, аммо музокироти мустақим дар шароити феълӣ дур аз интизор аст.  Ӯ гуфт, интизор меравад музокирот бисёр сахт бошад.

Аббос Ароқчӣ, муовини вазири умури хориҷии Эрон низ рӯзи якшанбе таъкид карда буд, ки “ҳеҷ гуна музокираи мустақим ё ғайримустақим бо Амрико надорем”. Ӯ гуфтааст, ки Эрон дар Вена бо кишварҳои боқимондаи дар созиши ҳастаӣ музокира мекунад.

“Барномаи мо дар музокироти Вена бекор кардани таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон хоҳад буд… ҳамчунон, ки раҳбари мо борҳо гуфт, ҳар чиз камтар аз ин барои Теҳрон қобили қабул нахоҳад буд”,- навишт хабаргузории “Рейтерз” рӯзи 6-уми апрел аз қавли як мақоми эронӣ.

Ҷо Байден, президенти Амрико гуфтааст, ки омодааст ба созиши соли 2015 бозгардад. Доналд Трамп соли 2018 аз ин паймон берун шуд ва дар пайи он Эрон ҳам қадам ба қадам аз иҷро кардани уҳдадориҳояш худдорӣ кард. Эрон ҳоло барои бозгашт ба ин паймон хостори поён додани ҳама таҳримҳои якҷонибаи Амрико аст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.