Дар Вена вазъи Беларус баррасӣ мешавад

Дар ҷаласаи вазирони хориҷаи Иттиҳоди Аврупо дар Вена рӯзи 28 август роҳҳои дипломатии ҳалли вазъи сиёсии Беларус баррасӣ мешавад. Бахши дуюми ҷаласаи дурӯзаи вазирон дар Берлин бо мавзӯи таҳримҳо идома мекунад. САҲА ҳам қарор аст дар Вена ташкили ҷаласа кунад. ИА аллакай гуфтааст, ки барои таҳрими 15 то 20 мақоми дастдошта дар тақаллуби интихоботи президентии рӯзи 9 августи Беларус розӣ шудааст. Бархе дипломатҳои аврупоӣ ба ҷорӣ кардани тадбирҳои сангинтаре даъват мекунанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.