Дар вилояти Суғд ду ҷойи истихроҷи биткойнро пайдо карда, бастаанд.ВИДЕО

Мақомоти расмӣ мегӯянд, соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар муомилот бо пули рақамӣ ба мисли “Биткойн” дастгир кардаанд. Исроил Наимов, сардори яке аз шуъбаҳои Идораи андоз дар вилояти Суғд рӯзи 12-уми дар як нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, чаҳор нафар дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир шудаанд.

Зоҳиран иттиҳоми онҳо сарпечӣ аз пардохти молиёт аз даромадест, ки ҳангоми (mining) ва ё истихроҷи пули рақамӣ ба даст овардаанд ва ё дуздии ҳазорон киловат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.

Исроил Наимов афзуд, аз ин чаҳор нафар 234 компютеру хотира ва дигар васоили электрониро мусодира кардаанд, ки барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ ба кор мераванд. Пулҳои рақамӣ аз ҷумла “биткойн” сол ба сол роиҷтар мешаванд ва дар баъзе кишварҳо дар муомилот ба кор меравад. Арзиши як биткойн ҳоло тақрибан 49 ҳазор доллар аст.

Исроил Наимов, сардори Шуъбаи ситонидани молиёти носупурда дар вилояти Суғд, хабарӣ гуфт, боздошти муттаҳамон бо қонуншиканӣ аввал дар шаҳри Истаравшан сурат гирифтааст: “Аввал дар ошёнаи дуюми бинои боғчаи бачагона 17 адад таҷҳизоти криптовалютаро, (пули рақамӣ) ки ба шабакаи интернет пайваст буду фаъолона кор мекард ошкор намудем. Ба гуфтаи соҳибкор, ҳар як таҷҳизот, бо арзиши криптовалюта дар як рӯз 40 доллар кор мекардааст. Баъдан мо ба хонаи ҳамин шаҳрванд рафта, аз дохили хонаву таҳхонааш 34 таҷҳизоти пайваст ба интернетро ёфта, безарар кардем”.

Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, моликони компютеру таҷҳизоти дигар бе пардохти андоз ва ё молиёт рӯзона то 520 сомонӣ фоида мегирифтаанд. Исроил Наимов мушаххас нагуфт, ки ин афрод барои мусоидат дар “истихроҷи пули рақамӣ” боздошт шудаанд ва напардохтани молиёт, вале афзуд, ҳар косибу тоҷир пеш аз фаъолият, бояд иҷозатномаи махсус бигирад, худро ҳамчун молиётсупор расман сабт кунад. Дар Тоҷикистон ҳануз муомила бо пул ва ё арзи рақамӣ қонунӣ нест.

Онҳое, ки парвандаи барои Тоҷикистон ғайриоддии мусоидат дар муомила бо пули рақамиро тафтиш мекардаанд, ба Бонки миллӣ барои кумак ва раҳнамоӣ муроҷиат кардаанд, вале бо “дастони холӣ баргаштаанд.”

Наврӯз Валиев, раҳбари намояндагии Бонки миллӣ дар Суғд дар ин бора гуфт: “Вақте ба мо барои кумак муроҷиат карданд, гуфтем, мо мутахассис ҳам нестем ва ин асъори нақд ҳам нест. Ин асъори электронӣ аст. Он касонеро, ки боздошт карданд, сабаби дигар дорад. Барои криптовалюта, ё бо биткойн кор кардан, дастгоҳҳои калон лозим аст, ки қувваи барқро зиёд мегирад. Вақте бо ин сабаб ба мо муроҷиат карданд, ҷавоб додем, ки мо дар ин соҳа мутахассис надорем.”

Аммо маълум аст, ки ба зидди баъзе аз онҳое, ки барои мусоидат ба муомила бо пули рақамӣ дастгир шудаанд, бо иттиҳоми дуздии неруи барқ парванда боз кардаанд. Исроил Наимов дар ин бора гуфт: “Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов як амалиёти дигар гузаронида, аз онҷо 179 чунин таҷҳизот ошкор кардем ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба зидди онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд. Азбаски ин дастгоҳҳо бо интернет ва неруи барқ кор мекунанд, парвандаи ҷиноӣ ҳам аз ҳисоби дуздии барқ аст.”

Мақомоти идораи шабакаҳои барқӣ дар Суғд гуфтаанд, харҷи фақат яке аз моликони дастгоҳҳо барои муомилаву ҳифзи пули рақамӣ дар 11 моҳ бештар аз ним миллион сомонӣ будааст.

Пули рақамӣ соли 1992 пайдо шуд ва то чанд соли гузашта бисёриҳо онро ба эътибор намегирифтанд ва мегуфтанд, ки шояд василаи роиҷи муомила нашавад, аммо сол ба сол истифода аз он ривоҷ меёбад. Баъзе мағозаву ширкатҳо аз ин навъи пул дар Ғарб истифода мебаранд. Теъдоди соҳибони пули рақамӣ дар ҷаҳону Тоҷикистон мушаххас нест, вале аз назари баррасии мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба ин гуна пул алоқамандӣ зоҳир мекунанд.

Мақомот мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд. Нозирони андози Суғд ҳам пули рақамиро “хавфнок ва монеи пешрафти ҷомеа” номиданд.

Бинобар печида будани муомила ва истихроҷи пули рақамӣ, тафтиши парвандаи чаҳор нафар хотима наёфтааст ва маълум нест, ки онҳо барои дуздии неруи барқ ҷазо мегиранд ва ё мусоидат ба муомилот бо пули рақамӣ, ки ҳеч қонуни Тоҷикистон барои он ҷазои хосе таъйн накардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.