Дар як ҳафтаи охир дар Узбекистон 21 мусофири мубталои коронавирус ошкор шудааст

Дар як ҳафтаи охир ба Узбекистон аз 12 кишвар бештар аз 12 ҳазор мусофир ворид шудааст. Дар маҷмуъ 21 тани ин мусофирон ба вабои коронавирус мубтало будаанд.

Дар ин бора дар ширкати Uzbekistan Airports хабар доданд.

Бино ба қарор Комисияи махсуси ҷумҳуриявии Узбекистон, сар аз 25 декабр ҳамаи мусофироне, ки вориди Узбекистон мешаванд, аз ташхиси фаврии коронавирус мегузаранд.

Бино ба қарори Комисия, қимати як ташхис наздики 9 доллари ИМА аст.

Мусофирон гуфтанд, баъди ҷорӣ кардани ташхис, дар фурудгоҳ навбатпоиҳои тӯлонӣ ташкил шудааст.

Вазорати ҳифзи тандурустии Узбекистон хабар дод, ки то 2 январи соли 2021 шумори мубталоёни вабои коронавирус дар ин кишвар ба 77 ҳазору 231 кас расидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.