Дар як ҳамла дар Тахори Афғонистон 12 кӯдак кушта шудааст

Дар пайи як ҳамлаи ҳавоӣ ба масҷиде дар вилояти Тахор, шимоли Афғонистон, 12 кӯдак кушта ва чанд тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Тибқи иттилои мақомоти расмии Афғонистон, ҳамла рӯзи 21 уми октябр дар ноҳияи Баҳорак, 15 километрии маркази вилояти Тахор рух дод.  

Муҳаммад Аъзами Афзалӣ, муовини Шӯрои ин вилоят гуфтааст, субҳи он рӯз дар як бархурд бо Толибон даҳҳо корманди нерӯҳои амнияти Афғонистон кушта шуданд. Ба гуфтаи Муҳаммад Аъзами Афзалӣ пас аз дарёфти хабари панаҳ бурдани Толибон дар масҷид як ҳавопаймоӣ низомӣ онро бомбборон кардааст.  

Мақомоти амниятӣ ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд ва маълум нест, ки зарба аз сӯйи нерӯҳои афғон анҷом шуд ё  хориҷӣ. Афзалӣ мегӯяд, ҷангиён аллакай масҷидро тарк кардаанд.  

“Тулӯъ нюс”  аз қавли як манбаи худ навиштааст, ки ҳамлаи ҳавоӣ як мадрасаро ҳадаф қарор дода буд. 

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, Толибон дар деҳаи Масҷиди Сафеди Баҳорак ба нерӯҳои амниятӣ ҳамла карданд. Дар ин даргирӣ аз ҷониби Толибон ҳам нафарони зиёде кушта шудаанд.

Толибон бо вуҷуди музокироти сулҳ, ки 12 сентябр оғоз ёфт, аз риояи оташбаси саросарӣ сарпечӣ карданд ва нооромӣ дар ин кишвар идома дорад.     

Бино ба иттилои Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон дар як моҳи ахир, дар пайи ҳамлаҳои хунини Толибон дар вилояти ҷанубии Ҳилманд, ҳудуди 40,000 сокин маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд.

Каролин Ван Бурен, намояндаи СММ дар умури паноҳандагон дар Афғонистон гуфт: “Бурида шудани хати алоқа, хатари истифода аз дастгоҳҳои тарканда ва  идомаи бастани шоҳроҳи байни Қандаҳор ва Ҳилманд пас аз хароб шудани чанд пул мушкилотро афзуда истодааст”.   

Намояндагии СММ дар Афғонистон ҳалокати  1280 шаҳрванди Афғонистонро дар нимсолаи аввали имсол сабт кардааст, ки асосан дар натиҷаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон кушта шудаанд

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.