Дар як рӯз дар Қазоқистон 2496 кас ба коронавирус мубтало шудааст

Мақомоти Қазоқистон хабар медиҳанд, ки давоми як шабонарӯзи ахир дар он кишвар 2496 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, шумори умумии онҳое, ки мубталошавияшон ба коронавирус дар озмоишгоҳҳо тасдиқ шудааст, то 3 майи соли равон ба 327 995 расид.

Дар Қазоқистон аз оғози пандемияи коронавирус – 13 марти соли 2020 то ба ҳол 3733 бар асари ин вирус ҷон додааст. Танҳо дар рӯзи 1 май 16 сокини Қазоқистон аз коронавирус ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.