Дар як рӯз дар Тоҷикистон се нафар ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки танҳо дар рӯзи 14-уми сентябр дар ноҳияи Мастчоҳ ва Ҳамадониву Абдураҳмони Ҷомӣ се нафар ҳангоми оббозӣ ба ҳалокат расидаанд. Ба иттилои расмӣ, Абдулло Боймуллоеви даҳсола ҳангоми оббозӣ дар канали “Мошини Янтоқ-1”, дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додааст. Ҷасади ӯро баъд аз муроҷиати волидонаш аз дохили об пайдо кардаанд. Дар ҳамин рӯз Сӯҳроб Нодиров, сокини 46-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ ва Аъзамбек Каримов, сокини 20-солаи ноҳияи Абудраҳмони Ҷомӣ низ “ҳангоми оббозӣ дар канали обгузари деҳаашон ба ҳалокат расидаанд”. Мақомот дар ҳар се маврид сокинонро ба “беэҳтиётӣ ва бемасъулиятӣ” айбдор кардаанд. Ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар Тоҷикистон чанд нафар дар обҳо ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Сокинон аксаран аз он шикоят доранд, ки ҷойи хатарнок барои оббозӣ бо аломатҳои махсус ишора нашудааст. Мақомот баръакс мегӯянд, худи мардум ҳушдорҳоро нодида мегиранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.