Дар як шабонарӯз 43 кас дар Тоҷикистон ба КОВИД-19 гирифтор шуд

Дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ташхисҳо ба короновируси нав гирифтор шудани 43 каси дигарро ошкор кардаанд.  

Ба иттилои Вазорати тандурстии Тоҷикистон то шоми 26-уми октябр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус ба 10 ҳазору 819 нафар расид.

Ба гуфтаи ин ниҳод, дар чанд рӯзи ахир мавридҳои фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон сабти ном нашудааст. Бинобар омори расмӣ, то кунун 81 нафар бар асари ин беморӣ  фавтидаанд. 

Аммо мутахассисон ба омори расмӣ дар бораи бемории COVID-19 шубҳа доранд ва мегӯянд, теъдоди гирифторону талафот ба маротиб бештар аз он аст, ки Вазорати тандурустӣ мегӯяд. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.