Дар зилзилаи Юнон як нафар кушта шуд

Дар зилзилаи пурқудрате, ки субҳи 27-уми сентябр  дар ҷазираи Крити Юнон рух дод,  калисое дар шаҳри Ираклион фурӯ рехт ва дар натиҷа марде, ки дар дохил кор мекард, даргузашт. Зилзилае бо шиддати 5,8 дараҷаи Риҳтер бисёриҳоро тарсонд ва сокинони маҳаллӣ шитобон биноҳоро тарк карда ба кӯчаҳо рехтанд. Зилзила инчунин дар ҷазираи ҳамсояи Санторини эҳсос шуд, ки як макони дигари хушгузаронӣ ба ҳисоб меравад.

Шоҳидон гуфтанд, дар паи зилзила хонаҳои мардум ҳам осеб дидааст. Тапиши замин инчунин дар соҳилҳои баҳри Эгеи Туркия ҳам эҳсос шудааст, вале ба навиштаи нашрияи Hurriyet, касе осеб надидааст. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.