Дар зиндонҳои Афғонистон 13 узви ДОИШ аз Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд

Сардори раёсати амнияти миллии Афғонистон гуфт, ки дар зиндонҳои ин кишвар 408 узви гурӯҳи “Давлати исломӣ” аз 14 кишвари ҷаҳон нигаҳдорӣ мешаванд. Аҳмадзиё Сароҷ дар як изҳороташ 27-уми апрел гуфт, дар ин замина бо 14 кишвар музокира ҷараён дорад, вале нагуфт, ки мушаххасан манзур аз ин гуфтугӯҳо чӣ аст. Ин мақомдор инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо кард, ки дар мубориза бо терроризм Афғонистонро танҳо нагузоранд.

Сароҷ гуфт, ки аз миёни 408 узви хориҷии ДОИШ дар зиндонҳои Афғонистон 299 нафарашон шаҳрванди Покистон мебошанд ва ба ҳамин сабаб ҳам шумори шаҳрвандони Покистон дар ҳайати ДОИШ зиёд аст.

Дар навбати баъдӣ кишварҳои Осиёи Марказӣ истодаанд:  37 шаҳрванди Узбекистон, 13 шаҳрванди Тоҷикистон ва 12 нафар аз Қирғизистон  мебошанд. Шаҳрвандони Русия дар ҳайати зиндониҳои ДОИШӣ 5 нафар буда, шаҳрвандони Чин 16 нафар мебошанд. Дигар аъзои хориҷии ДОИШ дар зиндонҳои Афғонистон шаҳрвандони Урдун, Туркия, Эрон, Индонезӣ ва дигарҳо мебошанд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.