Дар зодгоҳи Путин наққошии рӯи девори Навалний пайдо шуд

Дар маркази шаҳри Санкт-Петербург, ки зодгоҳи президенти Русия Владимир Путин мебошад, субҳи 28-уми апрел як наққошии рӯи девори сиёсатмадори мунаққиди Кремлин Алексей Навалний пайдо шуд. Муаллифи ин наққошӣ маълум нест кӣ аст ва ба иттилои як аксбардор Георгий Марков, ки наққоширо дида аксбардорӣ кардааст, онро ходимони полис омада аз болояш бо ранги дигар ранг ва пинҳон карданд. Марков гуфтааст, ки наққошӣ соати нӯҳуними субҳи чоршанбе дар як девори  боғи Пушкарскии шаҳри Санкт-Петербург дида шуд, вале вақте акси он  дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, зуд ходимони ҳифзи қонун ва кормандони бахши коммуналӣ омада онро ранг карданд.

Алексей Навалний, ки соли гузашта бо заҳри низомии “Новичок” заҳролуд шуда баъдан дар Олмон табобат гирифт, баъди бозгашташ ба Русия моҳи январ боздошт ва ҳабс шуд. Ӯро дар вайрон кардани ҳукми ҳабси шартии зиндон аз соли 2014 гунаҳгор ва ба 2,5 соли зиндон маҳкум карданд. Аз 19-уми апрел ӯ дар як беморхонаи зиндон дар  шаҳри Владимир нигаҳдорӣ мешавад. Навалний ба нишони эътироз аз шиканҷаву набуди дастрасӣ ба ёрии тиббии касбӣ даст ба гуруснанишинӣ задааст ва табибони хусусии ӯ ҳарос доранд, ки вазъаш бадтар мешавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.