Даргириҳо миёни Исроил ва фаластиниҳо. Талошҳои дипломатӣ барои қатъи ҷанг бенатиҷа будааст

Даргириҳо миёни Исроил ва фаластиниҳо вориди дувумин ҳафта шуд ва талошҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ барои поёни ҷанг то ба ҳол бенатиҷа будааст. Ҳамлаҳои ҳавоии Исроил шаби гузашта ба шаҳри Ғаза идома ёфт. Гурӯҳи “Ҳамос” ҳам ба мушакандозии худ ба шаҳрҳои Исроил идома дод.

Кохи Сафед мегӯяд, президент Ҷо Байден дар тамоси телефонӣ бо Бенямин Нетаняҳу аз ӯ хостааст, ки барои даст ёфтан ба оташбас талош кунад. Тибқи ин баёния, Амрикову Миср ва чанд кишвари дигар дар пайи коҳиши таниш ва қатъи хунрезӣ дар Ховари Миёна ҳастанд. Мушовири амнияти миллии Амрико ҳам рӯзи душанбе гуфт, бо ҳамтои исроилии худ ва мақомоти Миср дар бораи қатъи даргириҳои мусаллаҳона байни Исроил ва Фаластин гуфтугӯ кардааст.

Амрико рузи душанбе барои севумин бор монеи судури баёнияи Шӯрои Амнияти СММ шуд. Дар ин баёния аз даргириҳо байни Исроил ва фаластиниҳо ва кушта шудани ғайринизомиён “нигаронии амиқ” шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз тасмими ҳукумати Байден барои фурӯши аслиҳа ба Исроил интиқод кард. Ба гуфтаи манбаъҳо дар Конгресси Амрико, фурӯши эҳтимолии 735 миллион доллар аслиҳаи пешрафта ба Исроил, тасдиқ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раиси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ин ниҳод рӯзи панҷшанбе барои баррасии даргириҳо дар минтақа, ки аз даҳ руз ба ин тараф идома дорад, нишаст доир мекунад. Ба гуфтаи ӯ, намояндагони Нигер ва Алҷазоир — раҳбарони давраии Созмони ҳамкориҳои исломӣ ва Лигаи кишварҳои араб дар СММ бо таваҷҷуҳ ба печидагии вазъ дар минтақа, хостори баргузории ҷаласаи ошкори Маҷмаи умумӣ шудаанд.

Шӯрои амнияти СММ низ рузи якшанбеи гузашта барои баррасии ин буҳрон ҷаласа баргузор кард, вале ба натиҷае нарасид. Иттиҳоди Аврупо ҳам эълон кард, ки талошҳои дипломатӣ барои қатъи даргириҳо миёни Исроил ва фаластиниҳоро афзоиш хоҳад дод ва ин масъала дар нишасти рӯзи сешанбе вазирони корҳои хориҷии узви иттиҳоди баррасӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо ҳамлаи Исроил ба биноеро, ки дар он расонаҳои байналмилалӣ ҷойгир буданд, “ба шиддат нигаронкунанда” хонд.

Ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳури Фаронса, Эммануэл Макрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо раиси ҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Сисӣ ба зарурати қатъи даргириҳо таъкид ва аз миёнҷигарии Қоҳира барои ҳалли ин буҳрон ҳимоят кардааст.

Вазири умури хориҷии Италия низ рузи душанбе ба зарурати поёни ҷанг таъкид кард ва гуфт, ин кишвар хостори баррасии бӯҳрони Ховари Миёна дар нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳодияи Аврупо шудааст.

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодия Аврупо ва раиси Шӯрои Аврупо низ дар рӯзҳои гузашта ба қатъи даргириҳо таъкид намуда, хостори ҳифозат аз ғайринизомиён шуданд.

Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғаза аз 10-уми май то ин замон идома доранд. Гурӯҳи “Ҳамос” ба Исроил бештар аз 3 ҳазор мушак партоб карда, Исроил дар иваз бештар аз 1000 зарбаи дақиқ задааст.

Мақомоти Фаластин гуфтанд, аз 10-уми май то имрӯз дар Ғазза 192 кас, аз ҷумла 58 кӯдак ҷон бохтааст. Дар Исроил дар натиҷаи зарбаҳои “Ҳамос” 10 кас фавтидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.