Даргузашти ҳамсари шоири маъруф Лоиқ Шералӣ

Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари шоири маъруфи тоҷик марҳум Лоиқ Шералӣ шаби гузашта дар сини 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, чанд вақти ахир ӯ аз фишорбаландӣ ранҷ мебурд.

Ҷасади Зебунисо Қутбидиноваро ба зодгоҳаш Панҷакент интиқол доданд ва қарор аст маросими ҷанозаи ӯ имруз баргузор шавад.

Зебунисо Қутбиддинова муаллимаи забон ва адабиёт буд ва дар солҳо дар мактабҳои пойтахт ба шогирдон аз ин фан дарс мегуфт. Аз Зебунисо Қутбиддинова ва Лоиқ Шералӣ панҷ фарзанд ба мерос мондааст.

Шавҳари Зебунисо Қутбиддинова — шоири маъруфи тоҷик устод Лоиқ Шералӣ 30-юми соли 2000 дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.