Даргузашти академик Мусо Диноршоев

Мусо Диноршоев, файласуфи маъруфи тоҷик рӯзи 29-уми сентябр дар сини 86-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Яке аз наздиконаш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки маросими ҷанозаи ӯ имруз, соати 12 дар маҳаллаи маъруф ба “7-ум километр”-и пойтахт баргузор мешавад.

Мусо Диноршоев 7-уми ноябри соли 1934 ба дунё омада, доктори илмҳои фалсафа, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино буд.

Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, солҳо дар Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кард ва то мақоми директори институти фалсафа ва муовини президенти Академия расид. Фарзанди ӯ Зарина Диноршоева ҳам аз пайи падар рафта, рисолаи докториашро дар фалсафа дифоъ кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.