Даргузашти Иқбол Тешаев, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара

Иқбол Тешаев (Иқбол Илёсозода), хабарнигори тоҷик ва сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 5-уми апрел бар асари беморӣ дар сини 51-солагӣ даргузашт. Ӯ аз камшумор сухангӯёни ҳукуматҳои маҳаллӣ буд, ки ҳамеша бо расонаҳо суҳбат мекард.

Хуршеди Атовуллоҳ, раиси Маркази таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон, ки Иқбол Тешаев чанд вақти ахир бо он ҳамкорӣ дошт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ субҳи имруз вафот кард.

Ба гуфтаи ӯ, маросими хоксупории Иқбол Тешаев имруз дар Ворухи Исфара баргузор мешавад.

Хабар такмил мешавад

 

 

 

 

 

Гуфта мешавад, Иқбол Тешаев як рӯзи ахир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳрӣ бистарӣ будааст. 

Дар бораи аз чӣ беморӣ фавтидани ӯ иттилое ҳоло дар даст нест.

Иқбол Тешаев, аз сухангӯйҳои фаъолтарини мақомотҳои маҳаллӣ буд, ки номаш дар матбуоти даврӣ ҳамарӯза дар робита ба шарҳи ин  ё он қазия, махсусан дар масоили марзӣ зикр мешуд.

Марҳум 51 сол умр дошта, дар шаҳри Исфара ба дунё омадааст. Хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20210405/1033133384/Darguzasht-Teshaev-Isfara.html

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.