Даргузашти маъмури гуруҳи “Ахбор барои афкор” Мадинаи Карим

Мадина Ҳакимхоҷаева (Мадинаи Карим ), маъмури гуруҳи “Ахбор барои афкор” рӯзи 24 октябр аз олам чашм пӯшид.

Наздикони ӯ дар Фейсбук дар шарҳи сабабҳои марги ӯ ишора ба “бемории гулчин” кардаанд. Бо ин ибора бисёриҳо коронавирусро дар назар доранд, ки сабаби марги даҳҳо нафар аз шахсиятҳои шинохта дар Тоҷикистон шудааст. Мадинаи Карим, ки дар Хуҷанд зиндагӣ ва кор мекард, як нафари хеле хушмутолиа буд ва шеъри зиёдеро аз ёд медонист.
Раҷаби Мирзо, муассиси гуруҳи “Ахбор барои афкор” дар як табрикоти қаблиаш ба ҳамин вижагии дониши Мадинаи Карим таъкид карда буд:|
Албатта ҳар кас махсусиятҳое дорад. Мадина дар ибтидо бо шеърдонии фавқулоддаи худ маро ба ҳайрат меовард: гоҳо фикр мекардам шояд мавзӯе набошад, ки дар он бора Мадина шеър надонад. Нерӯи тасхиркунандаи ҳофиза!

Равонашон шоду макони охираташон Хулди Барин бод!

Ахборком

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.