Баҳманёр.Гиромидошт

Имрӯз, 10 ноябр дар шаҳри Душанбе нависандаи маъруфи тоҷик Баҳманёр дар синни 66 солагӣ олами фониро падруд гуфт. Маросими дафни марҳум дар зодгоҳаш Панҷакент баргузор мешавад. 

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ба дунё омадааст. Ӯ дар  рӯзи марги яке аз шинохтатарин фарзандони халқи тоҷик устод Садриддин Айнӣ таваллуд шудааст.  Баъдҳо, вақте дар нишастҳои дӯстона сухан аз ин боб мерафт, бо шӯхӣ мегуфтанд: “Устод рафту он рӯз ту омадӣ ва бешак ҷои ӯро хоҳӣ гирифт”.

Баҳманёр дар хонаводаи деҳқон дида ба олам кушодааст. Модараш кадбону буд.

Таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаро дар мактаби № 3 ба номи Надежда Крупскаяи шаҳри Панҷакат гирифтааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуд ва риштаи забони арабиро хатм кардааст.

Дар пойтахти кишвар баъди хатми мактаби олӣ монданашро ба маслиҳати яке аз қаламкашони шинохтаи замон, журналисти матраҳи кишвар Шодӣ Саид иртибот медод ва мегуфт дӯстии ӯ бо писари марҳум сабаб шуд, ки бо Шодӣ Саид шинос шавад ва маҳз ӯ буд, ки тавсия дод аз пойтахт ба музофот наравад ва кӯшад ин ҷо монад ва ба кори эҷодӣ машғул шавад.

Шодӣ Саид баъдан низ дар сарнавишти ӯ нақши муҳим бозидааст, ки Баҳманёр бо муҳаббат аз он ёд мекард. Ба кор даромадан ба Кумитаи симо ва соҳиби манзил шуданашро низ марҳум марбут ба кӯмакҳои амалии Шодӣ Саид медонист.

Соли 1981 ба рӯзномаи тозатаъсиси “Маданияти Тоҷикистон” ба сифати хабарнигори фарҳангӣ ба кор даъват шудааст.

Солҳои 1983-1985 дар Либия ба ҳайси мутарҷими арабӣ ба русӣ ва русӣ ба арабӣ фаъолият кардааст.

Баъди бозгашт ба ватан боз ба  ҷои кори пешинаи худ, ки он замон нашрия “Маданияти Тоҷикистон” ба “Адабиёт ва санъат” табдили ном карда буд, ба кор идома медиҳад.  Баъдан мудири шӯъбаи насри маҷаллаи “Садои Шарқ” таъин шуд ва то соли 1992 дар ҳамин вазифа кор мекунад.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997) ночор б аз пойтахт ба зодагоҳаш кӯч мебандад.

Соли 1998 дар Панҷакент дар ҳамдастӣ бо Нусратулло Юсуфбеков ва Баҳриддини Ҷӯё нашрияи фарҳангии “Самандар”-ро роҳандозӣ карда, чанд шумора нашр мекунанд.

Соли 2002 бо даъвати Иттифоқи нависандагон ба Душанбе бармегардад ва муовини сардабири ягона маҷаллаи Иттифоқи нависандагони кишвар “Садои Шарқ” таъин мешавад.

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд аст: ду писару ду духтар. Писараш Шаҳриёр ҳуқуқшинос аст. Исфандиёр дар Донишгоҳи технологӣ таҳсил мекунад. Духтаронаш низ таҳсилдидаанд.

Аввалин ҳикояаш бо номи “Нозанини шӯх” дар “Маориф ва маданият” чоп шудааст.

Мегуфт устоди мушаххас надорад, яъне аз касе мушаххасан маҳорати насрнависиро наомӯхтааст. Мактаби насри худро мактаби адабиёти классикии тоҷик ва ҷаҳон медонад, ки чӣ дар гузашта ва чӣ ҳоло зиёд мутолиа мекунад.

Тахаллуси Баҳманёрро баъди мутолиаи китобе аз рӯзгори Абуалӣ ибни Сино интихоб кардааст. Дар он китоб Баҳманёр исми шоҳзодаест, ки ба гузаштаи худ менозад ва ҳаргиз фармони касеро иҷро намекунад ва аз ҷумла фармони устоди худро. Ин хислатро мувофиқ ба табиати худ дарёфтааст ва мегӯяд интихоби тахаллусе, ки баъдан ба ном табдил шуд, мувофиқ ба хислатҳои табии худи ӯ буд.

Асарҳояш дар шакли китоб бо номҳои  зерин дар шаҳри Душанбе ба табъ расидаанд:
“Ишқи сайёд”  (1984);
“Асби обӣ”       (соли 1988);
“Дуди ҳасрат”  (соли 1992);
“Сармаддеҳ”      (соли 2002);
“Шоҳаншоҳ” (соли 2007).

Як китобаш бо забони русӣ ва ҳикояву повестҳои ҷудогонааш бо забонҳои инглисӣ, фаронсавӣ, испонӣ, итолёӣ, эстонӣ ва ғайра чоп шудаанд.
Вақтҳои ахир рӯи романи тозае бо номи  рамзии “Ғӯтях” кор мекард.

Барандаи ҷоизаи ба номи устод Айнӣ буд.
Ҷояшон ҷаннату мақомашон фирдавси барин бод!

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.