Даргузашти рӯзноманигори варзида ва идории муваффақ Маҳмудҷон Дадабоев

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Маҳмудҷон Дадобоев, дирӯз, 29-уми октябр, дар 51-солагӣ аз олам даргузашт. 

  • Марҳум аз журналистони хушноми Тоҷикистон буда, дар рушди расонаҳои мустақил дар вилоят нақши чашмрас дошт.  Солиёни зиёд дар таъсису роҳандозӣ ва пешбурди расонаҳои мустақил дар Хуҷанд саҳм гирифтааст.
  • Маҳз фаъолияти пурсамари журналистоне мисли Дадабоев боис гардидааст, ки расонаҳои мустақили электронӣ дар шаҳри Хуҷанд нисбат ба дигар манотиқи Тоҷикистон рушд кунад.
  • Маҳмудҷон Дадабоев 27-уми ноябри соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд ёфтааст.Таҳсили ибтидоиро дар мактаби №1-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гирифта,  соли 1987 ба хизмати ҳарбӣ рафтааст.
  • Пас аз хидмат дар Артиши Шӯравӣ дар соли 1989 як муддат дар Иттиҳодияи истеҳсолии “Хуҷандатлас” фаъолият мекунад.
  • Аз соли 1992 то соли 1994 дар “Университети мухбирони ҷамоатӣ”-и назди Иттифоқи журналистони вилояти Ленинобод таҳсил кардааст. Баъд аз хатми ин даргоҳ соли 1995 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дохил шуда, соли 2001 онро хатм намудааст.
  • Дар ин миён аз соли 1993 то 1995 дар вазифаи хабарнигори телевизиони “Ҷаҳоноро” кор мекунад. Солҳои 1996-1997 сармуҳаррири телевизиони мустақили  “Тв-7” буд. Соли 1997 то 2003 дар вазифаи директори генералии Ширкати телевизионию радиоии “СМ-1” кор кардааст.
  • Солҳои 2006-2007 намояндагии АМВАОМТ (НАНСМИТ)-ро  дар вилояти Суғд  ба ӯҳда дошт. Дар ин миён, соли 2000 нахустин газетаи мустақил дар вилояти Суғд бо номи “Суғд”-ро таъсис  дода, то соли 2008 сармуҳарририи онро бар ӯҳда дошт.
  • Аз моҳи августи 2008 то  моҳи октябри соли 2012 ба ҳайси директори генералии  телевизионии “Ҷаҳоноро” буд. Аз 1-уми августи соли 2013 роҳбари Маркази иттилооти дастгоҳи  Раиси шаҳри Хуҷанд таъин шуда, чанде пеш ин вазифаро бо хоҳиши худ тарк кардааст.
  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон  буд.
  • Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд ва се набера.
  • Равонаш шоду мақомаш фирдавси барин бод!

The post Даргузашти рӯзноманигори варзида ва идории муваффақ Маҳмудҷон Дадабоев appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.