Даргузашти Раҳнавард Зарёб, донишманд ва нависандаи пуровозаи Афғонистон

Раҳнавард Зарёб, пажӯҳишгари маъруфи забони форсӣ ва нависандаи пуровозаи Афғонистон субҳи 11-уми декабр дар сини 77-солагӣ даргузашт. Ӯ вақтҳои охир аз беморие, ки дошт, ранҷ мебурд. Гуфта мешавад, ки ӯ дар ҳафтаҳои ахир ба бемории КОВИД-19 гирифтор шуда буд.

Ӯ донишманд ва достоннависи пуровозае буд, ки бо осораш дар Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҳинд ошноӣ доранд.

Аҳли адаб ва низ сиёсатмадорон дар Афғонистон даргузашти Раҳнавард Зарёбро як талафоти бузург барои фарҳанг ва адаби форсӣ донистанд.

Раҳнавард Зарёб зодаи шаҳри Кобул буд ва беш аз 50 сол ба фарҳанг ва забону адаб хизмат кард ва чандин сол ҳам дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият дошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.