Даргузашти Юсуф Акбарзода, адабиётшиноси шинохтаи тоҷик

Юсуф Акбарзода, адабиётшиноси маъруфи тоҷик, рӯзи 15-уми октябр дар 82-солагӣ дар Душанбе даргузашт. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ аз ду сол ба ин тараф аз беморӣ ранҷ мебурд. Чанде аз муҳаққиқони соҳаи адабиёт рафтани ӯро талафоти бузург донистаанд.

Субҳони Аъзамзод, устоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд, шоми 15-уми октябр дар “Фейсбук” навишт, “Юсуф  Акбарзода дар нақди адабӣ аз зумраи камтарин насли ноқидони равандсоз, яке аз беҳтарин донандаи шеъри имрӯзи тоҷик буд ва шеърро бо тамоми масъалаҳои фарогири замон, бо тамоми вуҷуд ва назокаташ ба таҳқиқ мегирифт.” 

Акбарзода соли 1938 дар деҳаи Мазори Шарифи шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Аз ӯ китобҳои  “Сужет  ва  композитсияи асари бадеӣ” (1975), “Талаби ҳаёт ва қисмати  адабиёт” (1977),  “Шеъри эҳсос ва тафаккур” (1985), “Ҷустуҷӯйҳои эҷодӣ ва ахлоқӣ” (1990), “Нубуғи шоир ва  булуғи шеър” (2003), “Олим асту носир асту  шоир асту одам  аст” (2004), “Таҳқиқи шеър аз дидгоҳи нав” (2004), “Рисолати  шоир ва шеър” (2009) ва “Шеъри тоҷикии нимаи  дуюми садаи бист” (2011) мондааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.