Даргузашти Зебунисо Қутбиддинова – ҳамсари Лоиқ Шеаралӣ

Фарзанди устод Лоиқ Шералӣ — Диловар Шералӣ аз даргузашти модараш Зебунисо Қутбиддинова хабар дод.

Диловар Шералӣ субҳи имрӯз дар саҳифаи фейсбукии худ хабар дод, ки модараш аз дунё гузаштааст.

«Шумтарин хабар! Модар аз олам гузаштанд. Ҷаноза дар мазористони Сарманзили Панҷакент, баъди пешин баргузор мегардад. Мо ҳоло аз Душанбе самти Панҷакент равона ҳастем», — навишт Диловар.

Гуфта мешавад, ки ҳамсари устод Лоиқ, ки вақтҳои охир аз фишори баланди хун ранҷ мекашид, шаби гузашта дар синни 77-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.

Зебунисо Қутбиддинова зодаи шаҳри Панҷакент буда, якумр омӯзгорӣ кардааст. Ӯ ба мактаббачаҳо аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегуфт. Ӯ бо Лоиқ соҳиби панҷ фарзанд буданд.

Сообщение Даргузашти Зебунисо Қутбиддинова – ҳамсари Лоиқ Шеаралӣ появились сначала на Фараж.

Манбаъ: Faraj.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.