Дархости AstraZeneca барои бақайдгирии воксинаи зидди COVID-19

Ширкати  AstraZeneca аз мақомоти дахлдори аврупоӣ дархост кард, ки воксинаи зидди COVID-19-и онро ба қайд бигиранд. Ин воксинаро ширкати бритониёӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Оксфорд таҳия кардааст. Оҷонсии аврупоии дорувор рӯзи 12-уми январ гуфт, ки аризаи ин ширкатро ба таври изтирорӣ арзёбӣ мекунад ва имкон дорад то 29-уми январ хулосаҳои он омода шаванд.  Дар сурати тасдиқи ин воксина, баъди Pfizer-BioNTech ва Moderna – AstraZeneca сеюмин ширкате мешавад, ки воксинаи зидди коронавируси он дар қаламрави 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ба кор меравад.  Дар саросари Аврупо дар як соли гузашта 620 ҳазор нафар аз COVID-19 ҷон додаанд.

 

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.