Дархости Толибон барои суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ

Толибон бо фиристодани як нома ба Созмони Милали Муттаҳид, хостори суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ шудааст. Як сухангӯи дабири кулли СММ ба хабаргузории “Франс-пресс” гуфтааст, Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид номаи Толибонро дарёфт кардааст, ки дар он хостори иштирок дар гуфтугӯҳои сатҳи болои ин ниҳод шудааст. Хабаргузории “Франс-пресс” мегӯяд, ин нома рӯзи 20-уми сентябр, як руз пеш аз оғози нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ фиристода шудааст.

Хабаргузории “Ройтерз” ҳам хабар медиҳад, ки Толибон дар ин нома сухангӯи дафтарии сиёсии ин гурӯҳ дар Қатар Суҳайл Шоҳинро ба унвони сафири нави Афғонистон дар СММ муаррифӣ кардаанд. Тибқи ин гузориш, Амирхон Муттақӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ин номаро навишта ва хостори суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ шудааст.

Фарҳон Ҳақ, сухангӯи СММ ҳам таъйид кардааст, ки Толибон мегӯянд, Муҳаммадғулом Исҳоқзай, сафири кунунии Афғонистон ин кишварро намояндагӣ намекунад ва маъмурияташ поён ёфтааст. Сухангӯи СММ илова кардааст, ки дархости Толибон барои дар ихтиёр гирифтани курсии Афғонистон ва суханронӣ дар Маҷмаи умумӣ ба Кумитаи эътиборномаҳо фиристода шудааст. Ин кумита 9 узв дорад, ки ИМА ва Русия аз ҷумлаи аъзои ин кумита ҳастанд.

Хабаргузории “Ройтерз” мегӯяд, мушкил аст, ки ин кумита пеш аз рузи душанбеи оянда — охирин рузи нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ, ҷаласа ташкил кунад. Бинобар ин, эҳтимоли каме вуҷуд дорад, ки вазири хориҷии Толибон дар ин ниҳоди ҷаҳонӣ суханронӣ кунад.

Ин хабаргузорӣ афзудааст, ки агар СММ сафири Толибонро бипазирад, ин метавонад қадами муҳим дар талоши ин гурӯҳ барои ба расмият шинохта шудан аз сӯи ҷомеаи байналмилалӣ бошад ва ин амр метавонад ба даст ёфтани Толибон ба манбаъҳои молӣ кӯмак кунад, зеро иқтисоди Афғонистон ҳоло бо мушкилоти зиёде рубару аст.

Тибқи гузоришҳо, то замоне, ки Кумитаи эътиборномаи СММ дар бораи дархости Толибон тасмим бигирад, Муҳаммадғулом Исҳоқзай ҳамчунон сафири Афғонистон дар СММ хоҳад буд. Қарор аст ӯ рӯзи душанбеи оянда дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ягон кишвар ба ин номаи Толибон эътироз хоҳад кард ё не.

Гуруҳи Толибон рузи 15-уми августи имсол пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ Кобулро ишғол кард. Бо вуҷуди он, ки ин гурӯҳ беш аз як моҳ мешавад пойтахтро дар ихтиёр дорад, ҳануз ҳеҷ кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.

Ҳукумати қаблии Толибон дар солҳои 1996-2001-ро танҳо се кишвар –Покистон, Имороти Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ ба расмият шинохта буданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.