Дархости Украина аз Twitter: саҳифаи ВКХ-и Русия баста шавад

Украина аз ширкати  Twitter дархост  кард, ки саҳифаи вазорати хориҷаи Русия дар минтақаи ғасбшудаи Қримро бубандад, чун ин ширкат, ба қавли Киев, дар таблиғоти Кремлин мусоидат мекунад. Владимир Елченко, сафири Украина дар ИМА дар номае ба унвонии ширкати Twitter навишт, ки саҳифаи Русия бояд ғайрифаъол карда шавад. Дар изҳороте, ки 8-уми феврал дар Фейсбук навишта шуд, Елченко гуфтааст: “Мақомоти ғосибгар дар Қрим наметавонанд ба ҳайси намояндагони расмиву қонунӣ арзёбӣ шаванд”. Маскав соли 2014 нимҷазираи Қримро ба таври ғайриқонунӣ ғасб карда, аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, ки бо ҳукумати Киев меҷанганд, ҳимоят кард. Дар ҳафт соли ахир дар ҷангҳои шарқи Украина 13200 нафар кушта шуд.

Дар иттилоъ дар бораи саҳифаи Twitter омадааст, ки ин саҳифаи расмии намояндагии Вазорати хориҷаи Русия дар шаҳри Симферополи Қрим мебошад. Аз ин саҳифа, ки рамз ё ишораи кабуди  саҳифаи расмиро низ дорад,  12 ҳазор нафар пайравӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.